БО ҲАМИН МАЗМУН АКСИЯИ НАВБАТИИ МО ҶИҲАТИ ТАҚДИМИ РӮЗНОМАҲОИ ҲИЗБӢ, БАХШИДА БА ҲАФТАИ ҲХДТ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ "ЧУБЕК"-И НОҲИЯ СУРАТ ГИРИФТ.

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз бори дуюм аст, ки мо ҷиҳати пешрафт ва рушди зиндагии шоистаи мардум, дар ҷамоати деҳоти ЧУБЕК - и ноҳия оиди баргузор намудани аксия аз рӯи намуди тақдими Рӯзномаҳои ҳизбӣ - (Ҳамрози халқ ва Минбари халқ) қарор дорем. Дар аксия мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ ва сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии "Навиди Ҳамадонӣ" Ҷовидон Қувватзода иштирок намуда, ба якчанд сокинони маҳаллаҳои ҷамоати мазкур рӯзномаҳои ҳизбӣ ва ноҳиявӣ тақдим ва тақсим гардид. Ҳабдаҳ акс аз ҷараёни баргузории аксия дар саҳни бинои ҷамоат..Шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроия