ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 29 – СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо ташаббуси масъулини Гимназияи давлатии №1 бахшида ба истийболи 29 – умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ дар мавзуи “ҲХДТ ҳизби созанда” баргузор карда шуд.Дар чорабини директори муассиса ва омӯзгорон иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳимзамон қаёд гардид, ки Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон тавассути барномаҳои созандаву пешоҳангаш хеле пешравиҳоро дар кишвар ба вуҷуд овард ва ҷанбаи созандагиро дар ҷумҳурӣ эҳё намуд, ки ин хеле ҳам назаррас мебошад ва мардум аз имкониятҳои муваффақиятҳои ин ҳизб хеле огоҳ ҳастанд.Ҳамчунин Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ тавонист бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мафкураи демократиро зинда созад ва шуълаи умедро дар дили мардум барафрӯзад.Зеро дар давоми фаъолияти худ ҳиз тавонист ба ҳама барномаҳои пешниҳодкардааш аз ҳизбҳои пешоҳанг дар ҷумҳурӣ гардад ва шароити зиндагии мардум, сифати зиндагиро боз ҳам беҳтар созад ва барномаҳояшро давра ба давра амалӣ намояд, ки ин аз як ҳизби пурқудрат ва содиқ буданаш ба миллат гувоҳӣ медиҳад.