СОАТИ СИЁСӢ ДАР МАВЗӮӢ «ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДА»

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз бо иштироки намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод вохӯри бахшида ба 29-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56- баргузор гардид.

Дар оғоз Раҳимов Фурқат, мудири шуъбаи ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ҳозиринро ба ин санаи фархунда табрик намуда, иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки 10-декабри соли ҷорӣ  ба таъсиси он 29 сол пур мегардад ҳамчун ҳизби таҷассумгар ва ҳомии манфиатҳои тамоми мардуми Тоҷикистон дар давраи муборизаҳои сиёсӣ, буҳрони шадиди иқтисодӣ ба арсаи сиёсат арзи ҳастӣ намуд. Ҳизби мо, ки аз номи он бармеояд табиатан ва усулан халқӣ ва демократӣ буда он на манфиатҳои гуруҳҳои ҷудогонаи ҷомеа, балки тамоми мардумро таҳти ҳимояи худ қарор додааст. Мафҳуми «демократӣ», ки бо пешниҳоди Раиси муҳтарами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар Анҷумани 3-юми ҳизб  соли 1997 пешниҳод ва аз ҷониби тамоми вакилон пазируфта шуд. Мақсаду маром, афкору андеша, барнома оинномаи ҳизб ба бунёдкориву созандагӣ, ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа, ҳифзи озодӣ ва ҳуқуқи инсон равона шуда, маҳз ҳамин ҷиҳатҳои ҳизби мо маъруфият ва маҳбубияти онро дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа таъмин намуд.

Дар «Соати сиёсӣ» вобаста ба мавзӯъҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ", "Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон", Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" ва "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" суҳбат доир карда шуда, аз ҷониби иштирокчиён тавсияҳои судманд пешниҳод карда шуд.