ТОЗА НАМУДАНИ ДОХИЛ ВА АТРОФИ ҚАБРИСТОНҲО ЗЕРИ УНВОНИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ”

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 26.11.2023 сол аз ҷониби масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, барои ташкил намудани ҳашари дастаҷамъона оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо дар як қатор деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, баргузор карда шуд. Аз он ҷумла: - дар ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов деҳаи Хоҷа-Дурбод амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ», аз тарафи аъзоёни фаъоли ҳизб ва сокинони деҳаҳои Хоҷа-Дурбод ва Л.Нуровдар майдони 1,6 га корҳои ободонӣ, аз он ҷумла: сафед намудани дарахтон ва деворҳои қабристон, рангубор намудани панҷараҳои гирду атрофи қабристон, тоза кардан аз алаф ва растаниҳои худруй, аз шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон баргузор гашт - дар Ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов деҳаи Меҳргон амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ», аз тарафи аъзоёни фаъоли ҳизб ва сокинони деҳаҳои Меҳргон ва Ориён дар майдони 1,2 га корҳои ободони, аз он ҷумла: сафед намудани дарахтон ва деворҳои қабристон, рангубор намудани панҷараҳои гирду атрофи қабристон, тоза кардан аз алаф ва растаниҳои худрӯй, аз шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон баргузор тоза карда шуд.