ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 82-И НОҲИЯ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Санаи 24-уми ноябри соли 2023 дар арафаи таҷлили рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳия Раҳмон Исломиддин бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 82-и деҳаи "Навобод"-и Ҷамоати деҳоти Сангтуда мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои 2 ошёнаи муассисаи мазкур дорои 6 синфхона, 1 синфхонаи компютерӣ ва 1 китобхона мебошад, ки барои 180 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.