КОРҲОИ ОБОДОНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ЗЕРИ УНВОНИ "ҲАФТАИ ҲХДТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳифз намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи ташкилотҳо, муассисаҳо ва коргоҳҳо ба худи инсон вобастагии комил дошта, қарзи ҳамешагии шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 29-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба бунёди гулгашту хиёбонҳои нав баён доштанд, ки бо ташкили маъракаҳои ҳашар-шанбегӣ ташкил намуда, дар анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидании ҳар як гӯшаву атрофи сарзаминамон саҳмгузор бошед.

Ба ҳамин хотир аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фурудгоҳ” бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери унвони "ҲАФТАИ ҲХДТ” корҳои ободонӣ доир намуданд.

Боиси қайд аст, ки аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо як рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва бо мақсади ба тартиб даровардани дарахтони ҳамешасабз, тозаву озода намудани гузаргоӽӽо ва гирду атрофи Фурудгоҳ, гулу буттаҳо ва нарм намудани заминӽову канори дарахтон дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф ва боз ҳам зеботар намудани маҳали худ пайваста саҳми арзанда мегузоранд.