АМАЛИШАВИИ ТАШАББУСИ ҲИЗБИИ "СОАТИ СИЁСӢ"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз санаи 25.11.2023 тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Соати сиёсӣ"  дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳияи Дӯстӣ баргузор гардида истодааст.  Дар чорабинии мазкур, муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ, Мирзосафзода  Шамсиддин вакилони ҳизбӣ ва собиқадорони меҳнат дар муассисаҳои таълимии ба онҳо вобасташуда иштирок намуда дар мавзӯъҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон, инчунин тарбияи ҳарбӣ-ватандустии ҷавонон суханронӣ намуданд.

Муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ, Мирзосафарзода Шамсиддин дар якҷоягӣ бо муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоҳирзода Саймухтор дар МТМУ-18 иштирок намуда оид ба Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон ба шогирдони синфҳои болоӣ ва омӯзгорони ҷавон дарс гуфтанд.
Ҳамин тавр дар дигар муассисаҳои таълимии ноҳия низ бо иштироки  кормандони масъули Кумитаи иҷроия, вакилони ҳизбӣ ва фаъолон "Соати сиёсӣ" доир карда шуд.