ДӮСТӢ. БОЗДИД АЗ РАФТИ КИШТИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИКРОМҶОН”

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

21 ноябр дар рафти сафари корӣ узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Дӯстӣ ба рафти кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла картошка дар хоҷагии деҳқонии «Икромҷон»-и деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод оғоз бахшид.

Майдони умумии хоҷагии деҳқонии   “Икромҷон”   ду   гектар буда, самти фаъолияташ пах-такорӣ ва зироаткорӣ мебошад.
Қиёмиддин Каримов, роҳ-бари хоҷагии деҳқонии мазкур иттилоъ дод, ки баъди ҷамъоварии ҳосили гандум дар майдони як гектар кишти картошкаро ба нақша гирифтааст.

 

Раиси вилоят пеш аз оғози кор бо сарвари хоҷагӣ Қиёмиддин Каримов ва роҳ-барони самти кишоварзӣ муло-қоти сарироҳӣ  анҷом  дода, ҷиҳати  самаранок  истифода бурдани   заминҳо,   саривақт   киштнамудани зироатҳои ғалладо-нагӣ, картошка ва дигар маҳсу-лоти ниёзи аввалияи мардум дастуру тавсияҳои судманд дод.Мавриди зикр аст, ки айни ҳол дар хоҷагии деҳқонии «Икромҷон» кишти картошкаи барвақтӣ оғоз гардида, хоҷагидор барои гузаронидани кишти дигар намуди зироат заминҳоро омода кардааст.
 

Хоҷагии деҳқонии мазкур заминро самараноку оқилона истифода бурда, 2-3 ҳосил мерӯёнад ва дар таъмини иқтисодиёти хонавода ва амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда мегузорад.
 

Инчунин, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар рафти сафари корӣ дар ноҳияи Дӯстӣ аз рафти кишти картошкаи зери плёнка дар хоҷагии деҳқонии “Файз-5”-и деҳаи Нури Вахш шинос гардид.ӣМайдони умумии хоҷагии деҳ-қонии «Файз-5»  5 гектарро ташкил дода, шумораи саҳмдоронаш 8 нафар мебошад. Самти фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ ба саб-завоткорӣ нигаронида шудааст.
 

Дар идомаи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Дӯстӣ аз рафти парвариши ҳайвони калони шохдор ва захираи хӯроки чорво дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Ваҳоб Турдиев, воқеъдар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Нури Вахш шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки шаҳр-ванд Ваҳоб Турдиев дар ҳавлиаш зиёда аз 50 сар чорвои калони шохдорро парвариш мекунад.
Раиси вилоят таъкид кард, ки бо мақсади рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво, нигоҳ доштани сифати ирсии зотҳои парваришёбандаи чорво, зиёд намудани саршумори чорвои зотӣ, такмил додани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии зотҳои мавҷуда, инчунин офаридани зотҳои нави сермаҳсули чорво корҳои назаррасеро ба сомон расонидан лозим аст.

 

Тибқи иттилои масъулини соҳаи чорводорӣ илова гардид, ки барои хушзоткунии чорво феълан дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 119 адад нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 103 адад дар деҳаҳои калон ва хоҷагиҳои ҷамъиятӣ мебошанд. Дар 10 моҳи соли равон 14095 сар ҳайвони калони шохдор ба таври сунъӣ бордор карда шуда, 10780 насли хушзот гирифта шудааст.
 

Раиси вилоят ба фаъолияти чорводор баҳои баланд    дода, иброз дошт, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон имкониятҳо барои рушди соҳаи чорводорӣ, зотпарварӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ хеле зиёд аст. Ба ин хотир, бояд дар тамоми бахшҳои хоҷагидорӣ барои зиёд кардани саршумори онҳо эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи
раиси вилояти Хатлон