ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат, нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат маҳсуб меёбад. Ҳамин аст, ки ҳамасола  24 ноябр дар кишвар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил мегардад.

Парчам ва парчамдорӣ дар таърихи давлатдории халқи тоҷик таърихи куҳан дошта, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннат асоси ҳастӣ ва пешбурди умури давлатдории гузаштагони пурифтихори моро ташкил медиҳад.  Намунаи олии парчам Дирафши Ковиёнӣ ба ҳисоб рафта, аз аҳди қадим то охири  давлатдории Сосониён мавриди истифода қарор дошт.
 

Шоистаи таъкид аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонанд, ки дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихор ва ҳувияту худшиносии миллӣ нақши бориз дорад. Ба ин маънӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад».
 

Аз ин рӯ, бояд ҳамеша саъю талош варзем, ки Парчами давлатии мо ҳар шаҳрванди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва пеш аз ҳама, ба ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.
 

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони эҳтироми хоса ба анъанаҳои неки аҷдодӣ ва  таҷассумгари мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои  Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва  меоянд.
 

Лозим ба ёдоварист, ки Парчами давлатии  Ҷумҳурии  соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст.
 

Қайд кардан зарур аст, ки нақши тоҷ, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шуд, ин рамзи давлатдории халқи тоҷдори тоҷик, яъне тоҷ таҷассумгари муттаҳидсозии давлату миллатро ифода менамояд. Дар баробари нақши тоҷ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳафт ситора дар қисми болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой карда шуд, ки ифодагари рақами хафт ҳамчун рақами муқаддас ва оварандаи хушбахтӣ маънидод карда шуд.
 

Дар таърихи 24-уми ноябри соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ба Иҷлосияи  16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами нави давлатиро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод намуданд.
 

Ҳамон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ки таҷҷасумгари таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқамон мебошад ва имрӯз мо онҳоро дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинем, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии раиси тозаинтихоби  Шӯрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби вакилони халқ якдилона барои қабули он ҳамчун Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дода шуд.
 

25-уми ноябри соли 1992 рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори Шӯрои Олӣ ворид карда шуд ва аввалин маротиба раиси тозаинтихоби ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Парчами давлатӣ сари таъзим фуруд оварда, қасам ёд намуданд.
 

Бояд қайд кард, ки баъди ин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар болои бинои Қасри «Арбоб» дар шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо Иҷлосияи  таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, барафрохта шуд.
Эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ  ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан  ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад. Вазифаи мо насли имрӯзаи миллат, барои дар рӯҳияи эҳтиром доштану рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад.

 

Бояд қайд кард, ки вобаста  ба тартиби истифодабарии Парчами давлатии Тоҷикистон 11- уми декабри соли 1992 «Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 12-уми майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид.
 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ, инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат - Парчами Тоҷикистон, 24-уми ноябрро Рӯзи Парчами  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.
 

Ба хотири мақому манзалати Парчам дар рукни давлатдорӣ Сарвари давлат ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби  умум ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди Рӯзи Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими бунёди  манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид. Дар бунёди он бинокорони корхонаи «Алюминсохтмон» ва ширкати байналмилалии «Трайдент Саппот» заҳмати зиёд кашида, санъати баланди касбӣ нишон доданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки 30-юми августи соли 2011  дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр, ки баландтарин дар ҷаҳон аст, парафшон гардид.
 

Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ифтихори ҷовидонии миллат ва муҳаббату садоқати сокинон ба Ватани соҳибихтиёру обод то абад парафшон бошад.

“Ҳамрози халқ”