ПУШТИБОНӢ АЗ ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МЕКУНЕМ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 24 ноябри соли 2023 бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Мактаби Президентии ноҳияи Кӯшониён, конференсияи илмию сиёсӣ зери унвони “Парафшон бод Парчами мо” баргузор гардид, ки дар он китоб ва асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масъули дастони моҳири омӯзгорону хонандагон, расму мусаввараҳои ҷолиб ба маърази намоиш гузошта шуда буд.

Аз намоиши китобу асарҳои Пешвои муаззами миллат, меҳмонон, аъзоёни ташкилоти ибтидои ҳизбӣ, аъзои “Созандагони Ватан”, аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва иштирокчиёни чорабинӣ дидан намуда, баҳои баланд доданд.

Мақсад аз баргузории чунин намоиш ин ҷалби ҷавонону наврасон ба китобу китобхонӣ ва омӯзиши таъриху фарҳанги мамлакат буда, яке аз роҳҳои пешгирии ҳар гуна амалҳои номатлуб ба ҳисоб меравад. Маҳз китобхонӣ имкон медиҳад, ки ҷавонони мо аз ҳар гуна хатару тазодҳо дар амн бошанд.