ДАР ОБОДИИ ДИЁР САҲМИ АРЗАНДАИ ХЕШРО МЕГУЗОРЕМ!

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Мусаллам аст,ки дар баробари дигар шаҳру навоҳии мамлакат рӯз аз рӯз симои зоҳирии ноҳияи мо  ободу зебо гардида истодааст. Саҳми соҳибкорони эҳсонкор дар ҳамоҳангии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ  бағоят калон аст.

Дар корҳои ободониву бунёдкорӣ кормандони касбу кори гуногуни ҳудуди ноҳия ба ҳашари умумӣ баромада, барои тозаву озода ва зебо гардонидани маркази шаҳрак саҳми беандозаи хешро мегузоранд.

Дар арафаи сазовор истиқбол намудан аз Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аксарияти аъзоёну кормандони ташкилоти ибтидоии  “Хоҷагии ҷангали Даштиҷум” бо сарварии Аҳмадзода Маҳмудҷон дар баробари аъзоёну кормандони дигар ташкилоту муассисаҳо дар маркази шаҳрак  ба ҳашар баромада гӯшаеро аз партов поккорӣ намуда, ободу зебо гардониданд.  

Суратгузориш аз ҷараёни корҳои ободонӣ: