ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ТУГАРАКИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ РОҲРАВҲО МУМФАРШ ГАРДИДАНД.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини зиндагии шоистаи мардум, ки аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, корҳои таҷдиду азнавсозии роҳҳои байни деҳаҳо ҷараён дорад. Кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ аз рафти корҳои мумфаршкунии роҳу роҳравҳои ҷамоати деҳоти Тугарак аз наздик дидан намуданд. Бояд қайд намоем, ки сокинони меҳнатдӯст ва ободкори ноҳия ҳамеша баҳри зебогиву ободӣ ва шукуфоии ноҳия талош намуда, саҳми муносиби хешро дар ин самт мегузоранд.