БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 22.11.2023 бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи муассисиса таҳсилоти миёнаи умумии №1-и  ноҳияи Қубодиён, бо иштироки сардори Раёсаим кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Насриддинзода Рамазон, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Қубодиён Халифаев Саъдулло,мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Қубодиён, масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорони муасисисаи мазкур  чорабини доир гардид.

Сараввал сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Насриддинзода Рамазон ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, дар бораи таърих ва ойини парчаму парчамдорӣ ва Парчами давлатӣ, ки яке аз муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меёбад, ёдовар шуд.
Қайд карда шуд, ки Парчам ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву якдилии халқу миллатҳои ҳар як давлату кишвар, мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолияти он шинохта шудааст. Дар парчам нишонаҳои муҳими фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар нишонаҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлат инъикос меёбанд