Сохтмони иншоотҳои таълимӣ - ояндаи дурахшон барои насли наврас!

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии " Лола" - Боғчаи рақами яки ноҳия сохтмони бинои нави боғча бомаром идома дорад ва дар арафаи анҷомёбист.

Ёдовар мешавем, ки сохтмони бинои нави боғча дар соли 2022 оғоз ёфта айни ҳол дар арафаи анҷомёбист ва имрӯз муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон - Ғуломов Саидасрор Ҷурабекович аз рафти корҳои сохтмонӣ дидан намуда ба сохтмончиёни ин бино тавсия дода шуд, ки онҳо бо як мақсаду мароми нек барои насли наврас сохтмони ин биноро бо сифати баланд анҷом диҳанд.