САРСАБЗИИ  ДОМОНИ  ТУ, РИСОЛАТИ  ОЛИИ  МОСТ!

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Мо ба таърихи гузаштагони миллати хеш ифтихор дорем, зеро ки онҳо бунёдкору созанда, шаҳрсозу шаҳрнишин ва соҳибхираду соҳибтамаддун буданд, ҳастанд ва мемонанд.

Имрӯз низ мо он рисолати созанда ва хуррамгардонии аҷдодони худро, ки баҳри ободии меҳан равона сохта буданд, идома дода, ҳар як фарди меҳанпараст, меҳандӯст, худшинос ва худогоҳ дар ободии ҳар як гӯшаи диёр саҳми муносиб гузошта, аз худ ба дигарон номи нек боқӣ мегузорад.

Сиёсати ободкориву хуррамгардонии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳар як аъзо фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб дар ноҳияи Балҷувонро бетараф нагузошта, онҳо дар ҳашарҳои дастаҷамъона иштирок намуда, дарахтони сояафкан шинонида, гирду атрофи онҳоро нарм ва тозаву озода месозанд, ки ин ташаббусҳои наҷиб ба симои ноҳия зебоии дигарро зам месозад.