САНГФАРШКУНИ ДАР ДЕҲАИ АРАБХОНАИ  НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мутобиқи қарор ва дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҲХДТ ва дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” ва ба хотири омодагӣ ва истиқболи сазовори 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сокинон, аъзою ҷонибдорони ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, соҳибкорони муваффақи деҳаи Арабхонаи Ҷамоати дещоти  ноҳияи Қубодиён корҳои созандагию бунёдкориро роҳандозӣ гардонида истодааст.

Дар ин замина бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷ/Д ба номи Носири Хусрав ”-и ноҳияи Қубодиён якҷо бо аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баҳри таъмиру барқарорсозии як қатор роҳҳои дохили куча, бо роҳбарии сокини фаъоли деҳаи номбурда инчунин аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур заҳматҳои беандоза кашида истодаанд.