ВАРЗИШ ҚОСИДИ СУЛҲ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси барқияи телефонии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 25-октиябри соли 2023 №1/3-34 бахшида ба 29-солагии таъсисёбии ҲХДТ ҷиҳати ташкил ва баргузор намудани мусобиқаҳои варзиши аз руи намуди волейбол байни бонувону ҷавондухтарон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мусобиқаи болозикр гузаронида шуда истодааст.Идомаи ин мусобиқа санаи 13 то 17-уми ноябри соли ҷори дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Аловуддин” идома ёфт. Мусобиқаи кушод аз руи намуди волейбол таҳти унвонии “Варзиш гарави саломатӣ” дар толори варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 байни бонувон ва ҷавондухтарони ташкилотҳои ибтидоии “Арча” ва “Аловуддин” баргузор карда шуд, ки дар ин рақобат волейболбозони ташкилотҳои ибтидоии “Арча” ғолиб баромада ба даври минъбада роҳхат гирифт. Дар мусобиқа ҷавондухтарони фаъоли аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” миёни ҳам рақобат намуда истодаанд. Дар ҷараёни чорабинӣ ғолибон муайян гардида, дастаи мунтахаб барои иштирок дар давраи ниҳоии мусобиқа интихоб карда мешаванд.