БАЛҶУВОН. САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ВА ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

10 ноябр узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Балҷувон сафари корӣ анҷом дод.

Нахуст, раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар оғози расмии ба истифодадиҳии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20, ки дар деҳаи Дараи Боҳтури Ҷамоати деҳоти Сафар Амиршоев бунёд шудааст, иштирок намуд.
 

Баъди ба истифодадиҳии муассисаи мазкур, ки ин ҳамаи самара аз давраи Истиқлол ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳу-рии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, хонандагон бо шароити мусоиди таълимӣ фаро гирифта шуданд.
 

Зимни ифтитоҳ раиси вилоят аз синфхонаҳои муассисаи таълимӣ дидан намуда, аз рафти омӯзиши фанҳои тадрисшаванда бо омӯзгорон ва хонандагони он суҳбат намуд. Зимни суҳбат оид ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои муаззами миллат ёдовар гардида, онҳоро водор намуд, ки барои азхудкунии илмҳои замонавӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
 

Ба раиси вилоят маълумот дода шуд, ки бинои муассисаи мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Фармоишгари иншоот филиали Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб буда, пудратчии он ҶДММ “Баракат” мебошад. Бинои  муассисаи  таълимӣ аз 1 ошёна, 8 синфхона, 1 утоқи омӯзгорон ва утоқи директори мактаб ва дар саҳни он буғхона ва дигар иншооти ёрирасон барои таҳсили 192 хонанда бунёд шудааст.
 

Дар рафти ҷараёни корҳои сохтмонӣ 20 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.Зикр бояд кард, ки дар рафти ифтитоҳи муассисаи мазкур аҳли ҷамоатчигии деҳаи мазкур ва фаъолону волидайни хонандагон иштирок доштанд. Гуфта шуд, ки то ин муддат хонандагони деҳаи Дараи Боҳтур аз надоштани муассисаи таълимӣ, таҳсилро дур аз деҳа дар масофаи то 3 километр дар муассисаи таълимии ҳамсоядеҳа мегузарониданд.
 

Сипас, Давлаталӣ Саид  тибқи нақшаи корӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонии ноҳия боздид ба амал овард. Дар рафти боздиди иншооти сохташаванда раиси вилоятро раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр ҳамроҳӣ намуд. Зимни боздид раиси вилоят ба масъулон оид ба босифат ва дар муҳлати муайян анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва бунёдкорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи
раиси вилояти Хатлон