ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ РОҲАНДОЗӢ ШУДА ИСТОДААНД.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ аъзо, фаъолон, ҷонибдорон ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳияи Балҷувон дар амалишавии ташаббусҳои ҳизбӣ саҳми муносиб гузошта истодаанд.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Навбаҳор”и МТМУ №3 ҷамоати деҳоти Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон, ҳоҷатхонаи наву замонавӣ бо усули замони муосир мутобиқ барои риояи ҳатмии беҳтошти саломатӣ  баҳри хонандагон сохта ба истифода дода  шуд.

Дар амалишавии ин ташаббуси роҳандозигардида, саҳми соҳибкори маҳаллӣ ва падару модари хонандагони муассисаи таълимӣ назаррас мебошад.