ВУСЪАТИ ТАШАББУСҲОИ АЪЗОЁНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар ноҳияи Кӯшониён ташкили корҳои созандагӣ, ободгароӣ, дасти кумак дароз намудан ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, дастгирии оилаҳои ниёзманд вусъати тоза касб намуда, сокинони ватандӯст ва кормандони ташкилоту корхонаҳо бо мақсади саҳм гузоштан дар чунин корҳои хайру савоб аз як гиребон сар бароварда, саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Ин навбат дар доираи таҷлили санаҳои муҳиму сарнавиштсоз ифтихор аз 31-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонон ва варзиш” ва “Оила”-и ноҳия дар беморхонаи марказии “Шифо”-и ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ чорабинии идона баргузор намуданд.

Дар ин замина ба модарони ҷавон гуфта шуд, ки дар асоси тартиботи муқараргардидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, минбаъд номгузорӣ тибқи феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ ва ё номи нек гузошта шуда, ҳамзамон волидайн вазифадоранд, ки ба муҳлати на дертар аз се моҳ барои бақайдгирии фарзандонашон ба бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷои тавалуди кӯдак ва ё зисти падару модар муроҷиат намоянд. Боиси қайд аст, ки дар ин радиф аз тарафи масъулони ташкилотҳои дар боло зикр шуда, ба 10 – нафар модарони навзод дошта, шаҳодатномаи таваллуд ва тӯҳфаҳои хотирмон такдим гардид.