САҲМИ АРЗАНДАИ СОҲИБКОРОНИ ВАТАНӢ ДАР РУШДИ ДИЁР!

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишвари азизамон сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ побарҷост симои ватани азизамон рӯз аз рӯз зебо гашта истодааст.

Ёдовар бояд гашт, ки саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар рушду нумӯи диёр назаррас арзёбӣ гардида, ҷиҳати сазовор истиқбол намудан аз ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳар як гӯшаи мамлакат корҳои ободониву созандагиро ба роҳ монда истодаанд. Аз ҷумла чунин корҳои ободонӣ дар ноҳияи мо низ бо маром ҷараён доранд.

Аз тарафи соҳибкори муваффақ дар маркази шаҳрак ҳаммоми замонавӣ бунёд гардида истодааст. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур ҷараён дошта, тасмим гирифтааст, ки дар кутоҳтарин муҳлат иншооти мазкурро ба истифодаи умум пешкаш намояд.

Суратгузориш аз ҷараёни корҳои ободонӣ: