ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГИВУ ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба ифтихори "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" имрӯз дар толори Қасри фарҳанги ноҳия Қубодиён чорабинии бошукӯҳ таҳти унвони "Пешвои мо- ифтихори мост!" баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Қубодиён, Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, муовинони раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарону кормандони идораву корхонаҳои давлатии ноҳияи Қубодиён, фаъолона иштирок намуданд.
Нахуст раиси ноҳияи
Қубодиён, Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ ба сухан баромада иштирокдорони чорабинӣ ва дар симои онҳо ҳамаи сокинони ноҳияро бо "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" табрику таҳният гуфт. Ҳамзамон қайд намуд, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор кардани пояҳои давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва пешрафти ватани азизамон ниҳоят бузург мебошад.
Сипас ба як қато
роҳбарони фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии ноҳия бо  ифтихорномаҳои ҳизбии вилояти қадрдони карда шуд. Дар қисми фарҳангии чорабинӣ барномаи консертии ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки барномаи мазкур саршор аз таронаҳои ватандӯстӣ, хештаншиносӣ буда ва дар васфи Пешвои миллат сароида шуданд.