ПРЕЗИДЕНТИ МО, ИФТИХОРИ МО.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Фарҳанг" намоиши китоб ва асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони "Бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ифтихор дорем" баргузор карда шуд.

Ин чорабинӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Фарҳанг" Кабиров Шарифҷон баргузор карда шуда дар ин намоиш китобҳо ва асарҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маррази тамошо ва пешкаши дӯстдорони  китоб гардонида шуданд.