ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕГАРДАНД.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар амал намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати самаранок истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва гирифтани ҳосили зиёд имрӯзҳо сокинони ноҳияи Ҷайҳун ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлиро самаранок истифода намуда истодаанд.

Аз он ҷумла аз ҷониби сокинони деҳаи Вахши Ҷамоати деҳоти Истиқлол заминҳои назди ҳавлигӣ оқилона истифода гардида,  ҳосили коштаи тобистона ҷамъоварӣ карда шудааст ва ҳамзамон дар ҷои он алакай кабудиҳо корида шудааст, ки нашъу намои хуб доранд.

Меҳнати софдилона дар замин ба хонадони ҳар як шахс файзу баракат оварда, бо ба даст овардани ҳосили фаровон аз замин сатҳи некӯаҳволӣ баланд мегардад. Агар дар замин меҳнати софдилона карда шавад аз он самараи хуб гирифта мумкин аст. Бо ин мақсад сокинони ноҳияи Ҷайҳун дар асоси супоришу ҳидоятҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рӯёнидани ҳосили фаровон талош намуда, баҳри пур кардани дастархони худ ва сокинони кишвар саҳми муносиб мегузоранд.