САФАРИ ҲИЗБИЁН БА НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ РОҒУН

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Тибқи супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‒ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 31-уми июли соли 2023 бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохт-монии Неругоҳи барқи обии «Роғун» рӯзи 1-уми ноябри соли равон беш аз 140 нафар ҳизбиён, олимон, адибон, рӯзноманигорон, аҳли фарҳангу соҳибкорон  ва дигар роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳои  вилояти Хатлон бо мақсади тақвият бахшидан ба худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳамзамон аз наздик ошно гардидан бо рафти фаъолияти бунёдкорони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун сафар намуданд.

Иқдоми ватандӯстона аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон сурат гирифта, корвони фаъолон ва ҳизбиёни вилоят барои расонидани кумаки иҷтимоӣ-маишӣ ва болидаруҳии бунёдкорони ин иншооти бузурги аср 10 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокворӣ аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, бодиринг, турб, шалғам, гӯшт биринҷ, равған маҳсулоти қаннодиву нонӣ ва барномаи фарҳангӣ низ бо худ бурда буданд.
Корвони мо сайёҳон субҳи барвақт  бо шиору навиштаҷоти ба худшиносиву худогоҳӣ даъваткунанда ва парчамҳои давлативу  ҳизбӣ ба роҳ баромад. Барои таъмини бехатарии роҳ корвони мо-сайёҳонро кормандони Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон роҳбаладӣ мекарданд.

 

Корвони нақлиётии мо ноҳия-ҳои Кӯшониён, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Хуросон ва Рӯдакиро убур карда, ба ҷониби пойтахти мамлакат ‒ шаҳри Душанбе раҳсипор гардид. Аз ду тарафи роҳ токзору пистазор, арчазору дигар дарахтон, ки баргҳояшон бар асари фасли  тирамоҳ каме зард гашта буданд, ба назар мерасиданд. Пас аз якуним соати ҳаракат корвони сайёҳон ба пойтахти мамлакат ‒ шаҳри Душанбе расид. Он рӯз ҳаво каме ғуборолуд буд, вале  манзараҳои зебои ду тарафи роҳ, қуллаҳои барфпӯши кӯҳҳои сарбафалаккашида ба чашм баръало намоён буданд.
 

Барои хастагиро ҳис накардану хушҳол гардидани мусофирон дар дохили нақлиёт бароямон суруду таронаҳои дилангез танинандоз буд. Бо ворид шудан ба пойтахти мамлакат анбуҳи нақлиёт низ ба назар мерасид. Шамси Ховар ҳам аз паси кӯҳ баланд шуда, нурҳои заррини худро ба рӯи Замин пароканда мекард. Сокинони пойтахт аз хоби ноз бархеста, ҳар яке пайи кору бори худ, донишҷӯён ба сӯи таълимгоҳҳо равон буданд.
 

Корвони мо шаҳри Душанберо убур карда, ба ҷониби шаҳри Ваҳдат раҳсипор гардид. Чун ба ҷониби шаҳри Ваҳдат равон шудем, аллакай ҳавои ғуборолуд бар асари вазидани насими кӯҳистон ба тозашавӣ оғоз кард. Ҳамзамон эҳсос мешуд, ки ҳавои шаҳри Ваҳдат нисбат ба шаҳри Душанбе каме сардтар будааст. Дар минтақаи 9-ум-километрии шаҳри Душанбе ба корвони мо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, овозхони Ансамбли «Шашмақом»-и назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Амриддини Кабир низ ҳамроҳ шуд.
 

Ёдовар бояд шуд, ки дар ҳайати сайёҳон муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раисон ва кормандони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, инчунин чеҳраҳои намоёни фарҳанги вилояти Хатлон Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Аюбӣ, директори Ансамбли «Шашмақом»-и назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Шералӣ Қосим, директори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар Отахон Саидзода ва дигар сарояндагону навозандагони  ансамблҳои вилоят низ шомил буданд.
 

Мо ба маркази шаҳри Ваҳдат расидем ва дар он ҷо ба корвони мо гурӯҳи «Маҳфилоро»-и ноҳияи Ёвон маъруф бо номҳои Бобои Мерган, Зафари “красавчик” ва дигар сайёҳон ҳамроҳ шуда, бо суханҳои ҳаҷвию ширинкоронаи худ табъи моро болида намуданд.
Баъди тай намудани чанд километр роҳ мо ба ноҳияи пурфайзи Файзобод расидем ва ҳавои он ҷо аллакай софу тоза буд. Чун аз миёни дашту теппаҳо, боғҳои сермева мегузаштем, дар канори роҳ меваҳои ба фурӯш баровардаи мардумро дида, бори дигар аз файзбории диёри Файзобод боварӣ ҳосил намудем.

 

Пас аз тамошои манзараҳои зебо ва убури дашту теппаҳои ноҳияи файзбори Файзобод ба ҷониби шаҳри Роғун раҳсипор гардидем. Аллакай дар қуллаҳои кӯҳҳои ноҳияи Файзобод нишонаҳои чанд рӯз пеш боридаи барф ба чашм намоён буд ва ҳаво ҳам сарду шамолӣ буд. Аҷибтар он буд, ки дар ду тарафи роҳи марказии ноҳияи Файзобод ҳайкалчаву муҷассамаҳои ҳайвоноту парандаҳои ин диёр, ки насб карда шуда буданд, ба назар мерасид. Аз як тараф, ин муҷассамаҳо (паланг, бум, кабк, оҳу, лаклак ва ғайра) нишони он буд, ки дар ин диёр чунин намуди ҳайвонҳои нодир зиндагӣ мекунанд ва аз тарафи дигар тамошои онҳо ба ҳусни диёр зебогии дигаре зам карда буданд.
 

Аллакай дар ин диёр бар асари сардиҳои ҳавои тирамоҳ як қисм баргҳои дарахтон зард шуда, қисми дигари онҳо ба замин рехта буданд. Корвони мо ба дарвозаи шаҳри Роғун расид ва мо дар он ҷо каме таваққуф намуда, баъдан боз ба роҳ баромадем. Он рӯз шаҳри Роғун офтобӣ буд. Аз паҳлуи минтақаи Оби Гарм гузашта ба самти шаҳри Роғун равон шудем. Баъди тай намудани роҳи чорсоата мо ба шаҳри Роғун расидем. Шаҳри Роғун дар минтақаи кӯҳистон ҷойгир буда, дар кӯҳҳои он дарахту буттаҳои худрӯй ба монанди чормағз, дулона, санҷид, хуч ва ғайра мерӯянд.
 

Пас аз таваққуфи кӯтоҳ-муддат дар даромадгоҳи НБО-и «Роғун» либосҳои корӣ ба бар, тоскулоҳҳо ба сар якҷоя расми хотиравӣ гирифтем. Ҳамчунин, ҷиҳати бехатарии хатсайр шахсони масъул бароямон иҷрои баъзе қоидаҳои сайри дохили неругоҳро фаҳмониданд.
Роҳбалади НБО-и "Роғун" ба мо дар бораи нақбҳои обпарто, агрегатҳо, баландии неругоҳ бароямон маълумоти арзишманд дод. Тибқи маълумоти роҳбалад аён  гардид, ки дар оянда баландии обанбори неругоҳ то  335 метр бардошта мешавад, ки ин назар ба НБО-и Норак 35 метр баландтар мебошад. Алҳол дар неругоҳ 15 ҳазору 300 нафар коргар дар ду баст кору фаъолият доранд. Коргарони неругоҳ се вақт бо хӯроки гарм таъмин буда, барояшон бунгоҳи тиббӣ, нақлиёти ёрии таъҷилӣ муҳайё карда шудааст. Ба кормандони неругоҳ тибқи дараҷаи  ихтисосашон саривақт маош (на камтар аз 3000 сомонӣ) дода мешавад. Тибқи гуфтаи роҳбалад пас аз истифодадиҳии НБО-и "Роғун" муҳлати коршоямии он 113 солро дар бар мегирифтааст. Дарозии умри неругоҳ ба обовардҳои он вобаста будааст. Алҳол ду агрегат (яке 16-уми ноябри соли 2018 ва дигаре 9-уми сентябри соли 2019) ба истифода дода шуда, корҳо барои баистифодадиҳии чор агрегати дигар (то соли 2030) бомаром идома доранд. Оянда сафи коргарон то ба 20 ҳазор расонида мешавад. Аз 15 ҳазору 300 нафар коргарони неругоҳи мазкур 704 нафарашон мутахассиси хориҷӣ буда, боқимондаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Тибқи гуфтаи роҳбалад алҳол дар бунёди неругоҳи мазкур аз 43 давлати ҷаҳон шаҳрвандон кору фаъ-олият менамоянд. Бояд гуфт, ки  имрӯзҳо дар бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” зиёда аз 60% сохтмончиёнро шаҳрвандони вилояти Хатлон ташкил медиҳад.

Аз тамошои ин иншооти бузурги аср ‒ НБО-и "Роғун" мо қаноатманду хушҳол шудем, зеро чунин манзараҳои ҷолибро бори аввал бо чашми сар медидем. Сайркунандагон ба суханронии роҳбаладон бо шавқу ҳавас гӯш дода, ба пурсишҳои худ посухҳои мушаххас  мегирифтанд. Хотиррасон менамоем, ки сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” соли 2007 оғоз ёфта, то соли 2030 пурра ба анҷом расонида мешавад.
 

Пас аз шиносоии неругоҳ дар толори тобистонаи фарҳангии шаҳр ба кормандони НБО-и “Роғун” ва сокинони шаҳр, инчунин барои сайёҳон барномаи фарҳангии ҳунармандони асилу саршиноси ҳам ҷумҳурӣ ва ҳам вилояти Хатлон намоиш дода шуд. Аҳли ҳунари вилояти Хатлон бо шеъру таронаҳои ватандӯстона ва гурӯҳи «Маҳ-филоро»-и ноҳияи Ёвон бо саҳначаҳои ҳаҷвии худ табъи ҳозиринро болида гардониданд.
 

Дар охир муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро  аз корнамоӣ ва хизматҳои шоёни Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтмони иншооти аср-НБО “Роғун”, пешрафту шукуфоии Ватани азизамон-Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдоварӣ карда, сохтмончиёни ин иншооти азимро барои меҳнати софдилона дар сохтмони  НБО “Роғун” ва расидан ба қадри заҳматҳои Роҳбари давлат ҳидоят намуданд.  Ҳамчунин дар идома раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҶСК «НБО Роғун» Сайдулло Абдулаҳадзода Абдуназар барои  ташкили ҳамоиши хотирмон ба узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  изҳори миннатдорӣ намуда, ташаббуси пешгирифтаро иқдоми неку саривақтӣ арзёбӣ намуд.
Дар фарҷоми барномаи фарҳангӣ ба як қатор сохтмончиёни фаъол, ки дар сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” саҳми арзанда доранд, Сипоснамаҳои раи-си вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят тақдим карда  шуд.

Раҷабалӣ Худоёрзода,
«Ҳамрози халқ»