АМАЛИШАВИИ ТАШАББУСИ ҲИЗБИИ "СОАТИ СИЁСӢ"

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 28.10.2023с дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ҳамаи муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ноҳияи Хуросон амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Соати сиёсӣ" баргузор карда шуд.

Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ин баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, донистани таърихи давлату миллати худ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор мебошад.

Ташаббуси "Соати сиёсӣ" дар МТМУ-40 ноҳияи Хуросон низ баргузор гардид, ки дар рафти он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон - Ғуломов Саидасрор Ҷурабекович ва мудири маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи Хуросон, ҳуқуқшиноси соҳибтаҷриба-Сайфиддинов Тошмаҳмад иштирок намуда доир ба мавзӯъҳои "Конститутсия бахтномаи миллат" "Истиқлолият ва ҳувияти миллӣ" ва "Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон" бо хонандагон дарси соати сиёсӣ доир карда шуд.

Зимни суҳбат оиди ҳифзи арзишҳои миллӣ, донистани таъриху фарҳанги давлату миллати худ ва омухтани илмҳои дақиқу табиатшиносӣ ибрози андеша карда шуд.

Ҳамзамон хонандагон низ дар мавзӯъҳои ватандӯстию меҳанпарастӣ баромад карда ба суолҳои худ ҷавоби мушаххас гирифтанд.