МУҶАССАМАИ ШАХСИЯТИ БУЗУРГ.

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар арафаи сазовор истиқбол намудан аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагиҳо аз таҷлили сазовори  35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар шаҳру навоҳии мамлакат дар ноҳияи Ш. Шоҳин низ корҳои бунёдкорию созандагӣ бо маром ҷараён дорад.  Аз ҷумла дар маркази шаҳрак бо дастгирии шахсони саховатпеша ва эҳсонкор  дар  ҳамоҳангии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳия  муҷассамаи шоир, мутафакири бузурги машриқзамин  Шамсиддин Шоҳинро побарҷо гузоштанд. 

Муҷассама  дар макази шаҳрак дар ҷое бунёд гардида аст, ки гирду атрофи онро фавораҳо иҳота намуда, ба ҳусни ноҳия зебогии дучандро зам менамояд.   

Аз ин иқдоми роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сокинон хуш истиқбол намуда бо як дили гарм ва рӯҳияи болида рӯзи пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаро интизоранд.

Ёдовар мегардем, ки аз санаи 3-юми марти соли 2016 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи мо ба номи Шамсиддин Шоҳин номгузори гардида буд. Ҳар чанд шоир дар Бухоро чашм ба олами ҳасти кушода бошад ҳам, аммо падар ва бобои шоир зодагони минтақаи Кӯлоб мебошанд.

Ба ҳамин хотир номгузории ноҳия ба номи Шамсиддин Шоҳин қобили қабули ҳамватанон гадида аст.

 

  Суратгузориш аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ :