ВАТАН, ВАТАН СИРИШТИ МАН...

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Ватан зери ин вожаи муқаддас ҳазорон мафҳумҳои дилнишину меҳрофарине монанди модар, саодати зиндагӣ ва арзишҳои волотар аз ҳама ҳастиву ҳуввияти  инсонӣ нуҳуфтааст, ки бо шунидани садояш ҳар яки моро эҳсоси ногуфтание фаро мегирад.

Шукри Истиқлоли кишвар ва файзу баракати ин сарзамини муқаддас, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  тоҷикистониён бо дарки амиқи моҳияти миллату давлатдорӣ ҳимояи Ватан ва ҳифзи муқаддасоти миллиро  рисолати худ дар зиндагӣ донистаанд. Ҳифзи якпорчагии Меҳани азиз ва мудоифаи он аз хатарҳои беруна  натанҳо вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ, балки мояи ифтихору сарбаландии ҳар як ҷавонмард аст,  то дар сафи пеши сипоҳиёни Тоҷикистон қарор дошта бошад.
 

Дар шабу рӯзе, ки маъракаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар идома дорад, ҳамзамон, дар қатори аскароне, ки  муҳлати хизмати ҳарбиро адо намуда, ҳамакнун ҳамчун ҷавомардони асил ба таҳсилу фаъолиятҳои касбии хеш идома медиҳанд, рӯзноманигорони ҷавон низ ҳастанд. Набиҷони Саидаброр корманди рӯзномаи вилоятии “Хатлон” дар шабу рӯзе ба сафи Артиши миллӣ пайваста буд, ки аз лиҳози инъикоси мавзӯъҳои мубрами рӯз дар матбуоти даврӣ ва ҳам фазои маҷозӣ дар сафи пеши қаламкашони ҷавон қарор дошт. Чун вақти адои хизмати Ватан -Модар фаро расид, ин ҷавони бедору  қалбаш саршор аз ишқи Ватан ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуд. Ҳаминак, баъди адои хизмати ҳарбӣ Набиҷон дубора ба фаъолияти касбӣ баргашт. Дар қиёс ба солҳои пеш  аз хизмати ҳарбӣ ӯ хуб обутоб ёфтаву тануманду зебо ва орому ботамкин менамояд.
 

Дар умри ҷавони хеш борҳо шоҳиди рӯйдодҳои муҳиму лаҳзаҳои ҷонбахши зиндагӣ  гаридаам, аммо лаҳзаи ба эҳтиёт рухсат шуданам аз қисми ҳарбӣ ҳиссиёти аҷибе маро фаро гирифта буд, ки баёни он имконнопазир аст ва он эҳсосотро танҳо ҳамсафону афсарон ва нафароне дарк мекунанд, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд”,- ҳароратангез риштаи суҳбатро кушод Набиҷон.
- Вақте охирин маротиба садои сафороии аскаронро шунидам, мисли садои занги охирин ҳаяҷоне маро фаро гирифт ва сипас, мо аскароне, ки муҳлати хизмати ҳарбиро адо намуда будем, ба саҳнаи майдончаи ҳарбӣ баромадем. Аз як сӯ чашминтизориҳои зодмандону пайвандонамон дар роҳи ба хона баргаштани мо, аз сӯи дигар, хайрбодӣ бо ҳамхизматон ва қисми ҳарбӣ, ки мисли дудмони падарӣ ба он меҳру муҳаббат дорем, дилҳоро саршори фараҳу шодмонӣ карда буду аз пайроҳаи тайнамудамон дар ин ҷода ифтихор доштем...

 

Ба андешаи Набиҷони Саидаброр хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар муҳимтарин мактаби зиндагӣ барои ҳар як ҷавонписар ба ҳисоб меравад. Зеро, дар ин муддат сарбози Ватан аз лиҳози ҷисмонӣ обутоб гирифта, бо азбар намудани донишу маҳорати ҳарбӣ дар муҳиту реҷаи қисми низомӣ тартибу интизом, одобу ахлоқ, санъати суханварӣ ва дигар хислатҳоеро меомӯзад, ки барои мардон муҳиму ҳатмист. Гузаштагонамон беҳуда нагуфтаанд, ки “Ҷавонписар дар ду сол марди ҳақиқӣ мешавад, то як умр ҳомиву хидатгузори халқу Ватани худ бошад”.  
 

- Хизмати ҳарбӣ пеш аз ҳама тарсро аз ниҳоди инсон дур карда, ба ӯ сабру таҳаммулпазирӣ ва иродаи матину дар тасмимгириҳо фаҳму андешамандӣ мебахшад. Умуман, ҳар як аскари ба эҳтиёт рухсатӣ шуда, аз қисми низомӣ ба таассуроту бардоштҳои беҳад омӯзанда ба назди пайвандони худ бармегардад. Ростӣ ман орзу дорам, ки адои хизмат дар Қушунҳои мусаллаҳи кишварамон барои ҳамаи ҷавонон муяссар гардад. Мутаассифона, баъзе ҷавонписарон бинобар ноогоҳӣ ва дигар омилҳо аз хизмати  Ватан -Модар канораҷӯӣ мекунанд. Ҳол он, ки ҷавононе хизмати ҳарбиро сарбаландона адо намудаанд, эҳсоси ифтихору сарбаландӣ доранд, ки хизмат дар сафи Артиши Тоҷикистони соҳибистиқлол ба онҳо насиб гардидааст.

Набиҷони Саидаброр то замони шомил шудан ба сафи Артиши миллӣ аз рӯзноманигорони фаъол дар самти инъикоси мавзӯъҳои марбут ба  тарбияи ватандӯстии насли ҷавон ба ҳисоб мерафт. Ба андешаи ӯ таблиғу ташвиқ ва василаҳои маърифатнокии аҳолиро ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ боз ҳам тақвият бояд бахшид. Дар ин ҷода дар баробари таҳияи барномаҳои радиову телевизионӣ ва матлабҳои дар матбуоти даврӣ, инчунин, аҳли эҷодро мебояд, ки дар мавзуи ватандориву ҳимояи марзу буми кишвар ва корномаҳои қарамононаи сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбӣ бештар асарҳо  биофаранд.
 

Тақозои замони муосир аст, ки дар баробари такмилу қудратманд гардидани неруҳои мусаллаҳи кишвар, боз ҳам самти мафкурасозӣ дар ҷомеа ва тарғиби ғояҳои ватандориву масъулиятшиносии ҷавонмардонро дар ҳимояи марзу буми Меҳан   дучанд пурзӯр гардонем, то насли ҷавони мо дар руҳияи ватандӯстиву омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ тарбияву ба воя бирасанд,- иброз медорад Набиҷон.  –  Ёд дорам, боре ба аёдати модари сарбозе рафта будем, ки фарзанди ватандӯсташ дар муноқишаҳои марзӣ ҷони худро фидо карда буд. Модар, бо он ҳама андуҳи шаҳодати ҷигарбандаш ва ҳар лаҳза ашки мижгонашро ба нуги ангуштонаш руфтан, он модари бузургвор изҳор дошт, ки; “ Дасти сарнавишт будааст, як писари ҳомии Ватанамро аз даст додам, аммо имрӯз эҳсос мекунам, ки тамоми сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбӣ фарзанди ман мебошанд. Шукронаи онро дорам, ки фарзандони ғаюру ҷонфидои Ватанро тарбия бинмудаем, ки имрӯз  марзу буми Тоҷикистонро содиқона ҳимоя мекунанд, то модарону пайвандони онҳо шаб орому осуда бихобанд ва дар зиндагӣ хушбахту саодатёр бошанд.
 

Дар хизмати ҳарбӣ ҳамхизмат бароят бародар мешавад, вақте модари нафаре ба аёдати писараш меояд, онро модари худ мешуморӣ  ва аз савғотиҳои овардааш бӯйи нони пӯхтаи модари худро ҳисс мекуниву аз дасти дуои некаш нерӯву илҳоми тоза мебардорӣ. Ин аст, ки сарбоз ҳамхизмати худро бародари ҷонӣ меҳисобад. Аз ин рӯ, ҳамчун хизматчии ҳарбии ба эҳтиёт рухсатӣ шуда, аз ҳама ҷавонписарон даъват ба амал меорам, ки бо шавқу рағбат ва ишқу садоқати бузург ба хизмати  Ватан -Модар рафта, аз мактаби бузурги мардонагӣ таҷрибаи рӯзгору дарси шуҷоат биомӯзанд. Итминони комил дорам, ки ҳамсолони мо дар рафти адои хизмати ҳарбӣ ба дарки ин нукта мерасанд аз ташаббуси сарбози ихтиёрӣ буданашон модару пайвандон ва насли ояндаи онҳо ифтихор хоҳанд дошт,- мегӯяд ҳампешаи ҷавони мо.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН, “Ҳамрози халқ”