САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 2-юми ноябри соли 2023, Абдуллоев Мирвоҳид, мудири шуъбаи омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён аз истифодаи самараноки заминҳои корами наздиҳавлигӣ дар деҳаи Ганҷина, ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён дидан намуданд.

Бояд қайд намуд, ки аъзоёни фаъоли деҳоти мазкур дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бобати самаранок истифодабарии заминҳои корам ва ёрирасон, захираи 2 солаи маводи ғизоиро сармашқи кори худ намуда, ҳар як ваҷаби заминро самаранок ва оқилона истифода намуда, ба ин васила саҳми худро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мегузоранд.