ПАЙРАВОНИ ҲХДТ МЕАФЗОЯД

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз давраи фаъолият то ин ҷониб дар ҷомеа нуфуз ва мартабаи худро пайдо карда, аъзо ва ҷонибдорони он аз миёни ҷавонон сол то сол дар ҳоли афзоиш қарор дорад, ки ин аз боз ҳам баланд шудани мартабаи ҳизби ҲХДТ дар ҷомеа шаҳодат медиҳад

Дар воқеъ, барои ҳар як сокини кишвар узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан, боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст. Чунки бо баробари аъзои ҳизб шудан, ҷавонон ҳушёрии сиёсии худро равнақдода иштирок ва саҳмгузори бевосита дар идоракунии муносибатҳои ҷамъиятиву  сиёсӣ ва давлатиро пайдо мекунад.

Ҳамин аст, ки имрӯзҳо ҷавонони зиёд ба таври ихтиёрӣ бо хоҳиш худ ба сафи узвияти ҲХДТ шомил мешаванд. Ҳамзамон, ҷавононе ки бори аввал ба узвияти ҲХДТ пайвастанд, ба онҳо шаҳоданомаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуданд