ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ГУЛИСТОНИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ РОҲРАВҲО МУМФАРШ ГАРДИДАНД.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини зиндагии шоистаи мардум, ки аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, корҳои таҷдиду азнавсозии роҳҳо ноҳияи Восеъ ҷараён дорад.Кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ аз рафти корҳои мумфаршкунии роҳу роҳравҳои ҷамоати деҳоти Гулистон аз наздик дидан намуданд. Бояд қайд намоем, ки сокинони меҳнатдӯст ва ободкори ноҳия ҳамеша баҳри зебогиву ободӣ ва шукуфоии ноҳия талош намуда, саҳми муносиби хешро дар ин самт мегузоранд.