Соати сиёсӣ - суҳбати муфид ва саривақтӣ барои ҷавонон

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассиаи таълимии №39”-и ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ бо хонандагон “Соати сиёсӣ” баргузор гардид, ки дар он омӯзгорони ботаҷриба иштирок намуда, оиди масъалаҳои доғи рӯз, суханронӣ намуданд. Бояд қайд намоем, ки Соати сиёсӣ- соати муфиду саривақтӣ баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон, мукаммал намудани ҷаҳонбинии онҳо, мақсаднок истифода бурдани сомонаҳои интернетӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, аз худ намудани донишҳои замонавӣ ва дӯст доштани Модар – Ватан мусоидат менамояд.