Идомаи “Соати сиёсӣ” дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Восеъ амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон бо маром идома дорад.Амалиёти номбурда дар МТМУ №29-и ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсови ноҳияи Восеъ бо иштироки омӯзгорони ботаҷриба баргузор гардид. Бояд қайд намоем, ки роҳандози гардидани амалиёти болозикр дар таълиму тарбияи хонандагон ва таҳкими низоми таълиму тарбия аҳамияти калон дорад ва бо ин сабаб ин амалиёт рӯзҳои шанбеи охири ҳар моҳ, дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия ташкил ва баргузор карда мешавад.