ТАҚДИМИ ШАҲОДАТНОМАҲОИ ҲИЗБИ ДАР МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК СУПОРИДА ШУД.

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар санаи 26-уми октябри соли равон дар толори Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии ноҳия Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

           Дар фарҷоми Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик бо иштироки раиси ноҳияи Темурмалик Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан ба якчанд нафар ҷавондухтарони ноҳия аз ташкилоти ибтидоии Ҳизби Маҳаллаи №5, ки хоҳиши аъзошавӣ ба ҲХДТ-ро доштанд Шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.