ОБОДГАРОИВУ СОЗАНДАГӢ МАРОМИ МОСТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳои ҳудуди ноҳия ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, тозагии ҳифзи муҳити зист маъракаҳои "Шанбегӣ" дар кӯчаву хиёбонҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҳашарҳои дастаҷамъӣ баргузор гардида истодааст.

Ба ҳамин хотир санаи 27-уми октябри соли ҷорӣ кормандону масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонон ва варзиш”-и ноҳияи Кӯшониён ҳашари дастаҷамъона доир намуда, дар корҳои ободониву тамизкории назди муассисаи худ ширкати фаъолона варзиданд.

Ҳадаф аз роҳандозӣ намудани шанбегӣ ин тозаву озода нигоҳ доштани фазои табиати маҳал, ташаккули тарзи ҳаёти солим, муҳайё намудани шароити хуби корӣ дар атрофи муассиса буда, дар рафти шанбегӣ гирду атроф аз алафҳои бегона тоза карда шуда, заминҳои корам нарм ва партовҳо бароварда шуданд. Ин аз он дарак медиҳад, ки аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумита саҳми худро дар шукуфоии хиёбонҳои назди муассисаи худ бе ягон мушкилӣ гузошта метавонанд.