ТАШАББУСИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСА ВА БОШАНДАГОНИ ДЕҲА ҚОБИЛИ ТАҲСИНУ ОФАРИН АСТ

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 Муҳаббат Файзов ташаббус нишон дода, барои ба таълим фаро гирифтани насли наврас ва пурра таъмин намудани омӯзгорон аз дигар деҳаву маҳаллаҳо омӯзгоронро ҷалб намуд.

Акнун барои омӯзгорон ҷойи хоб лозим буд. Ин мушкилиро низ Муҳаббат Файзов ба осонӣ роҳи ҳаллашро ёфт. Ӯ маҷлиси падару модарон ташкил намуда, дар рӯзномаи маҷлис ин масъаларо ҷорӣ сохт ва мавриди муҳокима қарор дод.

Бошандагони деҳаи Пидовду низ таклифи директории муассисаро ҷонибдорӣ намуда, дар якҷоягӣ сохтмони хонаи омӯзгоронро оғоз карданд.

Онҳо дар муҳлати кутоҳ ба муваффақият ноил гардида, барои омӯзгороне, ки аз дигар шаҳру ноҳия ва маҳаллаҳо барои таълиму тадриси фарзандонашон омада буданд, хонаи хоб бо ҳама шароитҳояш омода сохтанд.

Яъне бо ташаббуси директори мактаб ва дастгирии бошандагони деҳаи Питовду омӯзгорон соҳиби ҷойи хоб гардиданд.

Алҳол омӯзгорон бемамоният ва мушкилӣ аз ҷойи хоби барҳаво истифода намуда, ба насли наврас дарс мегӯянд.