ҶАҲОНРО ХУРРАМӢ АЗ ДЕҲҚОН АСТ!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кули кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар робита бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти болоии ҳизб, вобаста ба афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии маводи хӯрока, истифодаи самараноки заминҳои корам ва наздиҳавлигию президентӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамарӯза бо сокинону аҳли заҳматкаши деҳоти ноҳиясуҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаистодаанд.

Ин аст, ки аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва ҷонибдорони ҳизби созанда дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишварро сармашқи кори хеш намуда, ҳар як ваҷаб замини корамро самаранок истифода намуда, аз ҳар як замин дар мавсими кишт то се ҳосил ба даст оварда истодаанд. Аз он ҷумла, деҳқонони Ҷамоатҳои деҳоти Қумсангир ва Ваҳдати миллии ноҳия кишти сабзии барвақтиро хуб ба роҳ монда, имрӯзҳо бо гирифтани ҳосили фаровон ба ҷамъоварии он машғул мебошанд, ки дар таъмини бозорҳои дохил ва хориҷ саҳми хешро мерасонад.