РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Чанде пеш дар Ҷумҳурии Қазоқистон Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар ин чорабинии фарҳангӣ дар қатори дигар ҳунармандон директори Театри мусиқӣ -мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар Отахон Саидзода низ иштирок дошт. Оид ба робитаҳои дӯстии ду кишвар, таъсирпазирӣ аз анъанаву урфу одатҳо ва дигар масоили фарҳангиву сиёсӣ мусоҳибае доштем бо Отахон Саидзода.

‒ Дар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қа-зоқистон, ки аз 24 то 29-уми августи соли равон дар шаҳрҳои Остона, Алма-Ато ва Шимкент доир гардид, дар қатори маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин, маҳсули ҳу-нарҳои дастӣ, аксу мусаввараҳои бадеӣ ва намунаи либосҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буданд. Ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо чӣ дастовезе дар ин намоишгоҳ иштирок доштанд?
‒ Ташаккури зиёд. Миллати тоҷик аз азал бо фарҳанги пурғановати хеш таърихи пурифтихору беназираш дили ҷаҳониёнро тасхир кардааст. Бо эҳё гаштани ҳунарҳои мардумӣ дубора рӯ овардани мардум ба анъанаҳои миллӣ нишонаи қадимӣ ва таърихӣ будани миллати тоҷик аст.
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, ки аз 24 то 29-уми августи соли равон баргузор гардид, дар баробари ҳунармандони ҷумҳурӣ, инчунин аҳли ҳунару фарҳанги вилояти Хатлон низ дар шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангӣ иштирок намуданд. Ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар низ бо барномаи мусиқӣ, ки муҳтавои он дӯстии халқҳоро ифода мекард, ҳунарнамоӣ доштанд. Мардуми Ҷумҳурии Қазоқистон баъди тамошои рақсу сурудҳои миллии тоҷикӣ сипосу миннатдории худро бо кафкӯбиҳои бардавом нишон медоданд.
‒ Аз ҷониби ҳунармандони вилоят дар қатори намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ боз  кадом дастовардҳои фарҳангӣ ба намоиш гузошта шуданд?
‒ Аз вилояти Хатлон  36 нафар ҳунарманд дар майдони Абай бо барномаи зебои фарҳангӣ иштирок ва ҳунарнамоӣ намуданд, ки  муҳтавои суруду таронаҳои онҳо баёнгари дӯстию бародарӣ, шукронаи Истиқлолият, инъикоси рақсу сурудҳои миллӣ буданд. Барномаи фарҳангии ҳунармандон ду рӯз идома ёфта, он аз ҷониби сокинони ин кишвар хуб пазируфта шуд. Барои тамошои барномаҳои фарҳангии пешниҳоднамудаи мо дар қатори мардуми қазоқ, инчунин намояндагони дигар қавму миллатҳое, ки дар шаҳри Алма-Ато зиндагӣ мекарданд, ҷамъ омада буданд. Аз ҷумла, дар миёни дигар қавму миллатҳо ҳамватанони мо низ мушоҳида мешуданд, ки имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Қазоқистон кору фаъолиятҳои гуногун доранд.
Субҳи 26-уми август кушодашавии намоиши кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, муовини сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон оғоз гардид. Мо ҳунармандон аз даромадгоҳи намоишгоҳ бо шеъру суруду рақсҳои миллӣ меҳмононро истиқбол намудем. Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва барномаҳои фарҳангии тоҷикон ба тамошобинон бештар писанд омад, ки аз баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ мекарданд.
‒ Тавре, ки аз матбуот огаҳӣ дорем, зимни баргузории ин чорабинии бузург дар шаҳрҳои Остона ва Алма-Ато мизҳои мудаввар ва мулоқоти намояндагони зиёиёни илмӣ ва эҷодии ду кишвар баргузор гардид. Мегуфтед, ки дар ин нишастҳо зиёиёни ду ҷумҳурӣ асосан сари кадом масъалаҳои муҳим суханронӣ карданд?
‒ Тоҷикистону Қазоқистон ин ду давлатест, ки аз замонҳои қадим бо фарҳанги куҳанбунёди хеш, бо урфу анъанаҳои садсола дар фазои дӯстиву бародарӣ зиндагӣ доранд. Чорабинии онрӯза бори дигар муносибатҳои моро мустаҳкам намуд. Дар нишастҳои миёни зиёиёни ду кишвар баргузоргардида бештар сари масоили иҷтимоиву фарҳангӣ ва иқтисодӣ сухан мерафт. Боварӣ дорам, ки дар оянда Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон баргузор гардида, масъалаҳои матраҳшуда дар байни ду ҷумҳурӣ боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монда мешавад.
‒ Мегуфтед, ки ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар кадом шаҳрҳои Ҷумҳурии Қазоқистон барномаҳои консертиро пешкаши тамошобинон намуданд?
‒ Дар шаҳри Алма-Ато аз ҷониби ҳунармандони театр, ки банда ҳамчун ровии барномаи фарҳангӣ ва иҷрокунандаи сурудҳои русии «Я встретиль девушку», «Чайхана» будам, пешкаш гардид. Ин сурудҳои русӣ ба он хотир дар барномаи фарҳангӣ ҷой дода шуда буд, ки онҳо барои мардуми қазоқ бештар шинос буданд. Инчунин, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Аюбӣ бо гурӯҳи ҳунармандони ҷумҳурӣ дар шаҳрҳои Остона ва Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон  бо барномаи фарҳангии хеш ҳунарнамоӣ намуданд.
‒ Мегуфтед, ки кадом намоишҳои ҳунармандони кишвари мо ба бародарони қазоқистонӣ писанд омад?
‒ Мардуми қазоқ аз тамошои намоишҳои маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҳам аз барномаи консертии ҳунармандони вилояти Хатлон бо руҳияи баланд ва ифтихор дидан намуданд. Аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти хоҷагии қишлоқ маводи зиёдеро харид карданд. Ба фикрам ба скинони Ҷумҳурии Қазоқистон пеш аз ҳама, урфу одат ва анъанаҳои миллии мо писанд омада буд, зеро онҳо худ иқрор меоянд, ки аксарияти урфу одатҳои тоҷикон ба анъанаву одатҳои  миллии мардуми қазоқ шабоҳат доранд. Аз суҳбат бо бародарони қазоқ дарёфтем, ки онҳо бештар аз ҳама хислатҳои меҳмоннавозии тоҷикон, меваҳои шаҳдбор ва ҳунарҳои миллии мардуми моро дар ҳама ҷо ситоиш мекардаанд.
Баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ аз ҳама ҷиҳат ба манфиати ҳарду ҷумҳурӣ мебошад. Боиси фараҳмандию сарфарозист, ки муносибатҳои мутақобилан судманди ду давлати дӯст ва бародар дар самтҳои гуногун сол то сол густариш ёфта истодааст ва боварӣ дорем, ки дар оянда низ дар байни ду ҷумҳурӣ муносибатҳои фарҳангӣ, маъри-фатӣ, илмӣ, варзишӣ, иқтисодӣ ва ғайра боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монда мешавад.
‒ Шумо ҳамчун мутахассиси соҳаи театр ва кино ояндаи муносибатҳои фарҳангии ду ҷумҳуриро чӣ гуна дидан мехоҳед?
‒ Умедворам, ки баргузории ин гуна чорабиниҳо баҳри густариши равобити фарҳангии ду миллат самараи нек ба бор хоҳад овард. Инчунин, мо ‒ аҳли ҳунар таманнои онро дорем, ки дар оянда низ дар фестивалҳои театрии байни ду кишвар ширкат варзем, то аз фаъолияти театрии ҳамдигар бештару беҳтар баҳравар гардем.
‒ Барои чунин як суҳбати самимӣ ба Шумо ташаккур мегӯем!
‒ Ба Шумо ҳам ташаккур!

Суҳбаторо
Раҷабалӣ ХУДОЁРЗОДА,
«Ҳамрози халқ»