ШАРОИТИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ БЕҲТАР МЕГАРДАД.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар доираи ташаббусҳои ҳизбии “Якҷоя месозем” ва “Мактаби ман” дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷайҳун сохтмони иншоотҳои гуногун ва синфхонаҳои иловагӣ бо маром амалӣ гардида истодааст.

Аз он ҷумла, дар деҳаи Озодии Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ ин ташаббус амалӣ гардида, дар назди муассисаи таълимии деҳа як бинои иловагӣ дорои чор синфхона баҳри таҳсили босифати хонандагон сохта шудаистода, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки пас аз ба истифода додани ин синфхонаҳо душвориҳои муассиса дар бобати ҷои нишаст аз байн хоҳад рафт ва барои таҳсили хонандагон шароити хуби хониш фароҳам хоҳад овард.