ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Имрӯзҳо баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Hӯзи таъсисёбии ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои ободониву созандагӣ бо маром ҷараён доранд. Дар партави сиёсати созандаву ободкоронаи Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми ҳизбиён, соҳибкорону шахсони эҳсонкор роҳҳои дохили марказ ва деҳаҳои ноҳия бо маром таъмир гардида истода, ин навбат қисман кӯчаи марказии Ҷамоати шаҳраки А. Ҷомӣ то даромадгоҳи Боғи фарҳангӣ мумфарш карда шуд. Иқдоми навбатӣ дар асоси дастури Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон бахшида ба ин санаҳои муқаддас роҳандозӣ гардида, аз ҷониби муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳия ба роҳ монда шуд. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик пурра гирду атрофи боғи марказӣ таъмиру мумфарш гардида, қисман дигар кӯчаҳои маркази ноҳия низ таъмир гарданд.