ОҒОЗИ ОМОДАГИҲО БА ФАСЛИ САРМО

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2023 - 2024 омодагиро аллакай оғоз намудаанд. Дар аксарияти муассисаҳои таълимӣ ангиштсанг ва ҳезумро ба миқдори лозимӣ дастрасу захира карда истодаанд. Ҳангоми боздиди муовини Раис дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Самадзода Саёҳат ва мутахассиси шуъбаи кор бо кадрҳо Баротова Зинат аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и Ҷамоати деҳоти Иттифоқ дидан намуданд, маълум шуд, ки муассисаи таълимӣ аз рӯйи талабот ва меъёри муайянгардида омодагӣ дида истодаат. Роҳбарияти муассисаи мазкур барои зимистонгузаронӣ омодагиии хуб дида, барои бемушкилӣ паси сар намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 тамоми чораҳои зарурӣ андешида шудааст. Бояд қайд намоем, ки ҳамаи синфхонаҳои муассисаҳои мазкур барои зимистонгузаронӣ омода буда муассисаҳо барои гарм нигоҳ доштани синфхонаҳо бо миқдори кофии ангишт ва ҳезум таъмин мебошанд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ