Утоқи кории ташкилоти ибтидоии «Литсейи касбӣ-техникӣ» таъмир мегардад

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи давлатии Литсейи касбӣ-техникии ноҳия коллективи кормандон таҳти роҳбарии директори муассиса Юсуфзода Сулаймон ташаббус нишон дода, муассисаро таъмир намуда истодаанд.

Онҳо дар якҷоягӣ утоқҳои корӣ, аз ҷумла утоқи ташкилоти ибтидоии ҳизбиро таъмир намуда, деворҳоро сафед ва рангубор карда истодаанд. Фарши утоқҳоро низ бо маводҳои лозима таъмир намуда, ҳусни муассисаро зебо намуда истодаанд.

Ҳамчунин онҳо синфхонаҳоро низ таъмир намуда, шароити дарсхонии донишҷӯёнро хуб карда истодаанд.

Ин таъмиру ободкориҳо барои фаъолияти кормандон ва касбомӯзии донишҷӯён шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.