ИН ҲУНАР АНДАР ЗАМИР ПАРВАРДА БУД…

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

"Дар хурдсолӣ дар баробари мутолиаи китоб ба эҷодкорӣ ҳам даст мезадам. Барои худ ва хоҳарам аз чӯб бозичаҳои гуногун месохтам. Замоне, ки дар мактаб таҳсил мекардам, баъд аз як хонандаи дигари мактаб, ки аз ман калонтар буд, беҳтарин рассоми муассиса будам. Тасвир кардани зебоиҳои табиатро хеле меписандидам. Дар озмунҳои рассомӣ иштирок мекардам. Вақте бузург шудам, ҳунари устогиро давом дода, барои худ ва хешовандон аз чӯб ҳар гуна асбоб месохтам",-нақл мекунад журналист Муродиён Зокир Ҳасан.

КОРИ ДУРЕДГАРӢ ВАСИЛАЕ БАРОИ БЕҲБУДИИ САЛОМАТӢ

Ин хабарнигори тоҷик беш аз ду сол мешавад, ки аз бемории диабети қанд ранҷ мекашад. Ба гуфтаи ӯ аксарият аз ин беморӣ ҳазар мекунанд, ғаму ғӯсса онҳоро фаро мегирад. Вақте ба чунин беморӣ гирифтор шуд, як марҳилаи мубориза бо эҳсосоташ фаро расида буд, ки бояд бо ин беморӣ созиш кунад ва тарсро аз вуҷудаш дур созад. Он замон кори рӯзоманигорию таълифи китобро ҳам пеш мебурд.

Ҳардуи ин кор чандон ба дардаш нахӯрд. Хастагияш бештар мешуд. Барои беҳтар шудани саломатиаш аз манбаъаҳои тиббӣ маълумот ҷустуҷӯ кард. Маълум шуд, ки бояд бештар ба роҳгардӣ машғул шавад. Гоҳо дар гармо ва гоҳо дар сардиҳо низ пойи пиёда роҳ мерафт. Баъдан рӯ ба ҳунари давраи туфилият ниҳод, ки ҳоло вазъи саломатиашро хуб ҳис мекунад ва кораш низ дар авҷи рушд мебошад.

ЧИЗҲОЕ, КИ МАН МЕСОЗАМ…

Дар оғози кор асбоб ва ягон дастгоҳи махсусе надошт. Бо болгаркаю корд армуғонҳои хурд месохт. Онҳоро дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук намоиш медод, ки мардум хуб қабул карда, барои идома додани ҳунараш ташвиқу тарғиб ҳам карданд. Акнун бо дастгирии Лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» соҳиби 13 дастгоҳ гардидааст, ки бо истифода аз онҳо ашёҳои гуногуни калонҳаҷм месозад.
«Мизи хӯрокхӯрӣ, либосовезак, сандуқчаҳои кандакории хурду бузург, оштахта ва амсоли инҳоро месозам. Чизҳое, ки ман месозам аз ҷиҳати сифат ва дизайн фарқкунанда мебошанд. Масалан, мисли либосовезакҳои сохтаи ман дар бозорҳои дохилӣ нест. Сифати корамро дигар устоҳо дида, таъриф карданд»,-мегӯяд, дуредгар.

Муродиён Зокир Ҳасан яке аз нафарони камшумор дар бузургтарин ноҳияи вилояти Хатлон - Кӯшониён аст, ки аксари дастгоҳҳои муосири чӯбтароширо дорад. Аксари онҳоро бори аввал ба даст гирифтааст. Касе набуд, ки тарзи истифодабарии онҳоро ба ӯ нишон диҳад. Аз тариқи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷустуҷӯ кард ва ба таври худомӯзӣ дар бакордаровардани дастгоҳҳо муваффақ шуд. Ҳар чизе, ки месозад, дизайни худаш аст ва гоҳо дар пайдо кардани тарҳҳои нав интернет ба ӯ кумак мерасонад. Чанде пеш тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар дод, ки маҳсули дас-ташро харидорон ба Душанбе ва Хуҷанд бурданд.

РӮЗНОМАНИГОРИРО ТАРК МЕКУНАД?

Муродиён Зокир Ҳасан 10-уми апрели соли 1980 дар ноҳияи Вахш дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Фарзанди калонии профессор шодравон Ҳасани Муродиён мебошад. Наздики 20 сол аст, ки дар ҷодаи журналистика фаъолият карда истодааст. Агарчӣ ба кори дуредгарӣ рӯ овардааст, вале мегӯяд, касби рӯзноманигориро тарк накардааст ва нахоҳад кард.
 

«Рӯзноманигориро агар як кори муқаррарӣ не, балки ҳамчун ишқ қабул карда бошӣ, пас тарбия ва ташаккулро ҳам аз он пайдо хоҳӣ кард. Ман дарси шинохти воқеии сиёсат, иқтисод ва одаму одамгариро маҳз аз ҳамин ҷода гирифтаам»,- ироа мекунад рӯзноманигор-дуредгар.

Ин журналисти тоҷик хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар бахши англисӣ ва дорандаи дипломи сурх мебошад. Фаъолияти меҳнатиро аз соли 2002 ҳамчун омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Бохтар, ҳамзамон ба сифати муҳандиси Қитъаоти №3-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар шаҳри Бохтар оғоз кардааст.

АЗ ФАЪОЛИЯТИ ЭҶОДИИ РӮЗНОМАНИГОР

Соли 2006 ба риштаи рӯзноманигорӣ пайваста, ҳамчун мухбир ва котиби масъули маҷаллаи «Мактаб»- и Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба кор оғоз кард. Сипас, сармуҳаррири рӯзномаи «Кӯшониён», мудири шуъбаи робита бо мақомоти идораи давлатии рӯзномаи вилоятии «Хатлон», мусаҳҳеҳи рӯзномаҳои «Бешкент» ва «Нури Левакант», сармуҳаррири Телевизиони «Хатлон», муовини сармуҳаррири нашрияи «Ҳамрози халқ» ва муовини рӯзномаи «Набзи Бохтар» фаъолият кардааст. Аз соли 2012 ҳамчун мухбири махсуси рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар вилоят таъйин шуда, то инҷониб кор карда истодааст.
 

Матлабҳои тафреҳӣ, рӯзноманигорӣ ва илмии Муродиён Зокир Ҳасан аз соли 2000-ум дар ВАО-и дохилӣ, амсоли «Адабиёт ва санъат», «Садои шарқ», «Минбари халқ», «Омӯзгор», Телевизиони «Тоҷикистон», «Азия-Плюс», «ИмрӯзNews», «Фараж», «Пайк», «Чархи гардун», «Телевизиони Хатлон», Телевизиони «Азия», «Бозаргон», маҷаллаи «Сафо» ва ғайра интишор шудаанд.

Ғолиби даҳҳо озмуни вилоятию ҷумҳуриявӣ дар соҳаи ВАО мебошад. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Конфедератсияи байналмилалии журналистон, инчунин «Аълочии мутбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2013 мебошад. Ин рӯзноманигори муваффақи тоҷик дар тули фаъолияти эҷодиаш се адад китобча ва ду фаслнома, аз ҷумла «Ёрии ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон», «Ҳаждаҳғораи Айваҷ», «Шамшод-паҳлавон», «Ҷомеаи фарогир» ва «Муллимӣ ишқ аст» рӯйи чоп овардааст.

ҲАДАФИ ОЯНДАИ Ӯ

Ин рӯзноманигор-дуредгар феълан дар коргоҳаш ба сохтани ҳаргуна ашёи зарурӣ барои мардум машғул аст. «Мехоҳам дар рушди ҳунарҳои мардумӣ, хусусан фарҳанги чӯбтарошии мардуми тоҷик саҳми арзандае гузорам. Чизҳое эҷод кунам, ки намои миллӣ ва бартариятҳои замони муосирро ҳам дар худ таҷассум кунанд. Агар хоҳем, ки моро дар ҷаҳон шиносанду моли моро ҷустуҷӯ кунанд, бояд бренди худро дошта бошем. Оянда маҳсули дастранҷи хешро бо бренди тоҷикӣ ба бозор мебарорам»,- гуфт дар фарҷоми суҳбат рӯзноманигор- дуредгар Муродиён Зокир Ҳасан.

«Ҳамрози халқ»