ҲОФИЗХОНӢ ДАР МТМУ £.54

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Эй кош дар мактаби Ҳофиз пастарин шогирдаш мебудам. 

Гёте

Дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ имрӯз, бо аъзои ташкилоти ибтидоии Созандагони Ватан дар муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии £.54-и ноҳия миёни синфҳои 9, 10, ва 11 бахшида ба рӯзи ҷаҳонии Ҳофизи Шерозӣ маҳфили адабии Ҳофизхонӣ баргузор гардид. Дар маҳфил мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Мудири шуъбаи ҷавонон иштирок намуда, перомуни ҳаёт, фаъолият ва мероси адабии шоир маърӯза намуданд. Сипас, ғазалхонӣ миёни хонандагон сурат гирифта, аз ашъори шоир зиёда аз 20 ғазал қироат намуданд.

Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғот Бахтзода Ҷомӣ