КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ДАР ДЕҲОТ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАНД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси Миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2026 таҷлил карда мешавад корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ҳамаи деҳаҳои ҳудуди ноҳия бо маром идома доранд. Дар ин радиф аз ҷониби ҷавонони фаъоли деҳаи Баҳори Ҷамоати деҳоти Норин ва соҳибкорони шарафманди деҳаи мазкур дар маркази деҳа сохтмони толори варзишӣ ва маркази хизматрасонии ду ошёна дар доираи Аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!" оғоз карда шуд. Дар рафти оғози сохтмони иншооти мазкур, ки ҳамчун иншооти ҷашнӣ мебошад муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат иштирок намуда, ба соҳибкор барои гирифтани иқдоми шоиста изҳори сипос намуданд.