КУМАКИ НАВБАТИИ ҲИЗБИЁН БАРОИ СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2026 таҷлил карда мешавад, корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ҳамаи деҳаҳои ҳудуди ноҳия бо маром идома доранд. Дар ин радиф аз ҷониби ҷавонони фаъоли деҳаи Қайнамаи Ҷамоати деҳоти Обшорон дар доираи Аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!" бо ташабусси сокинони маҳал ва дастгириҳои пайвастаи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳия бинои ду ошёнаи иборат аз 16 синфхона сохта шуда истодааст.

Инчунин аз ҷониби ниҳоди ноҳияи ҳизб дар якҷоягӣ бо аъзоёни фаъоли ҳизб ба миқдори як тонна семент ба муассисаи мазкур кумак расонида шуд.