ҶАНБАҲОИ МАНФИИ СОМОНАҲОИ ИҶТИМОӢ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақшачорбиниҳои Кмитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ ва таҳти ҳамкориҳои судманду самимӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷу гимназияҳо имрӯз, дар муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии £. 17 ба номи Масабур Сатторов, ки роҳбарии онро инсони фарзона устод Қурбон Чиллаев бар уҳда доранд дохили синфхонаҳои синфҳои 8, 9 , 10 ва 11 даромада панҷ дақиқагӣ дар мавзӯи "Ҷанбаҳои манфии сомонаҳои иҷтимоӣ" бо хонандагон сӯҳбат ва саволу ҷавоб намудем. Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ, ки зиёда аз 6 сол мешавад сомонаӣ мебошад қайд намуд. Имрӯз ҳар балову қазое, ки ба сари мо меояд дар ҷои оне, ки аввал худро гунаҳкор карда бозпурсӣ кунем дарҳол як касу як чизи дигарро гунаҳкор мебарорем. Хуб мешуд, ки қаблан аз ворид шудан ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ каме дар бори ҷанбаҳои мусбат ва манфии он таърихи пайдоши он маълумот дошта бошем, сония ворид шавем. Ман ба ҳеҷ ваҷҳ намегӯям, ки аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ даст кашед вале ҳангоми истифода бурдан эҳтиёт бошед. Имрӯз агар холисона назар андозем 60 фоизи кори моро интернет осон кардааст. Дар фарҷом мудири шуъбаи ҷавонон варақаҳои иттилоотиро (буклет) ба хонандагони синфҳои болозикр ҷиҳати огоҳӣ пайдо намудан аз сомонаҳои мамнӯъ тақсим намуд. Дар фарҷом Бахтзода Ҷомӣ қайд намуданд, ки агар интернетро ҳадафнок, мақсаднок истифода бубарем назар ба Ҷанбаҳои манфӣ мусбияш бештар аст. Шумо толибилмони азиз аз гурӯҳҳое, ки бо аҳдофи касе ва нопоконаи хеш интернетро ҳам бадном кардаанд ҳамеша дурӣ ҷӯед. Бар асари бемаврид истифода бурдан мо худ ҷанбаҳои манфии онро эҷод мекунем. Ҳадафи ташрифи мо низ ҳамин аст, ки мо бояд сарфакору сариштакор бошем.

Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғот Бахтзода Ҷомӣ