ТУҲФАИ АДИБ БА КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи #Ташаббусҳои #Ҳизбӣ, ҳамин ҳоло ду китоби тозанашри шоири халқии Тоҷикистон устод Алимуҳаммад Муродӣ таҳти унвони "Сияҳҷангал" ва " Шафақи шом" ба Муассисаи давлатии Китобхонаи Миллии Тоҷикистон равон карда шуд. Дар зимн сипос аз бародари арҷманди мо Тоҳир Назар, ки пайғоми фиристодаи моро ҳамроҳӣ карда ба ҷои лозима мерасонанд. Маврид ба зикр аст, ки бо дарназардошти кам мондани шумораи китобҳои тозанашр 3 то аз #Сияҳҷангал ва 3 тои дигар аз #ШафақиШом муяссарамон гашт, ки ирсол намоем.Бахтзода Ҷомӣ Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ