ЛЕВАКАНТ: ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИНҲО

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти болоии ҳизб вобаста ба афзоиш додани истеҳсоли маҳсулотҳои хӯрока ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ, заминҳои Президентӣ назди идораву корхонаҳо ва расонидани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ҳамарӯза дар деҳот бо усули “Хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд.

Зимни вохӯриҳо маълум гардид, ки имрӯзҳо сокинони меҳнаткаши шаҳри Левакант барои захираи маводи ғизоӣ то давраи ду соли оянда ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии зиндагии хеш ҳаматарафа заҳмат кашида истодаанд ва ҳамзамон давраи тирамоҳу зимистони дарпешистодаро сарбаландона паси сар менамоянд.

Инчунин, аз тарафи заҳматкашони шаҳр иттилоъ дода шуд, ки ҳар як ваҷаби заминҳои корамро дуруст истифода бурда, ба парвариши картошка, карам, ва ғайраҳо машғул мебошанд.