АЁДАТИ ОМӮЗГОРИ СОБИҚАДОР

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ба ҷой овардани эҳтиром, мақому манзалати омӯзгор ва бахшида ба Рӯзи омӯзгорон  раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ барои аёдат ба хонаи омӯзгори собиқадори муассисаи таълимии №45-и ҷамоати деҳои Тугараки ноҳия Тулаева Адолат рафтанд. Омӯзгори собиқадор Тулаева Адолат аз таҷрибаи омӯзгории 50-солаи хеш ёдовар шуда, қайд намуд, ки касби омӯзгорӣ беҳтарин касб мебошад. Зеро ман 50 соли ҳаёти хешро сарфи ин касби пуршараф кардааму аз ин касби интихобкардаи хеш ҳеҷ гоҳе пушаймон нестам ва имрӯз ҳам нигоҳ накарда ба синну солам дар нафақа бошам, ҳам тарбияи насли ҷавонро идома дода истодаам ва аз ин ифтихор мекунам.  Дар идома баъд аз сӯҳбати гарму самимӣ ба омӯзгор Тулаева Адолат тӯҳфаи хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳия супорида шуд.